- тир
- I[تير]1. чӯби рости борике, ки ба як нӯгаш оҳани нӯгтезе шинонда, бо камон мепартофтанд2. гулӯлае, ки бо милтиқ, тӯп ва ғ. партоб мекунанд, (мепарронанд); тир андохтан а) партоб кардани тир (ба воситаи камон, милтиқ, тӯп ва ғ.); б) маҷ. таъна задан, пичинг, гап паррондан; тир задан паррондан, холӣ кардан (тирро аз туфанг); тир бар санг расидан (хурдан) ба мақсад ноил нашудан; аз коре ноумед шудан; тир хӯрдан маҷрӯҳ шудан; тир ба нишон расидан ҳосил шудани мақсад, ба даст даромадани чизи матлуб; ба як тир ду нишон (сайд, шикор) задан дар айни замон ду корро кардан; тир хок хӯрдан ба ҳадаф нарасидани тир; ба даст надаромадани мақсад; тир аз камон ҷаст-ҷаст кор, ки аз кор гузашт, пушаймонӣ ва чораҷӯӣ фоида надорад: тири ахтардӯз тири дуррав; тиру камон а) қавси қӯзаҳ; б) абрӯву мижгони ёрII[تير]1. чӯби ғафси дарозе, ки дар бинокорӣ ба кор меравад, болор2. меҳвар; тири ароба оҳане, ки чархҳои ароба ба ду тарафи он гузаронида мешавад; тири ош чӯби дарози лӯндаи тарошидашудае, ки бо он хамирро мекушоянд, тирак; ё тир мекафад ё ҷувоз (зарб.)III[تير]нуҷ1. сайёраи Уторид, ки дар илми ситорашиносии бостон ба шакли котиб, дабир тасвир мегардид; тири фалак киноя аз Уторид2. моҳи чоруми соли шамсӣ, ки ба 22 июн – 22 июл рост меоядIV[تير]фасли сол, ки баъд аз тобистон ояд, тирамоҳV[تير]ҳисса, баҳра, насиба, қисматVI[تير]биёбон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.